ВКХ: Ҷониби Қирғизистон амалҳои иғвоангезона дар минтақаҳои марзиро идома медиҳад

Ҷониби Қирғизистон дар наздикии марз бо ҶТ аслиҳаи вазнини ҷангиро пинҳонӣ ҷамъ оварда, бо бесарнишинҳо дар навоҳии ҶТ, аз ҷумла болои қисмҳои низомӣ парвозҳо анҷом дода истодааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар телеграм – канали худ иттилоъ дода, аз паёмади чунин моҷароҷӯӣ ҳушдор дод.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 19 ва 20 сентябр парвози бесарнишинҳои Қирғизистон дар фазои шаҳри Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашти Тоҷикистон сабт гардидаст.

Таъкид шудааст, ки ҳамчунин бесарнишинҳои Қирғизистон аз болои дидбонгоҳҳои марзии “Сарҳадчӣ” ва “Ширинчашма” дар ноҳияи Лахш, “Росровут” ва “Муряк” дар ноҳияи Деваштич ва қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон парвозҳо анҷом додаанд. ВКХ ҶТ афзудааст, ки ҳамчунин ҷониби Қирғизистон фиребкорӣ намуда, пас гардондани техникаи ҷангии вазнинро вонамуд мекунад, аммо дар асл ин навъи силоҳро дар навоҳии марзии Лайлаку Чон-Олой нигоҳ дошта истодааст. Аз ҷумла аз пинҳон намудани 4 техникаи вазнин – БТР, БМП, БРДМ ва Дастгоҳи зеннитии 22 мм дар наздикии дидбонгоҳи сарҳадии “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Лахш, 12 адад техникаи вазнин дар наздикии маҳалли аҳолинишини А.Лоҳутии шаҳри Конибодом хабар дода шудааст.

Инчунин таъкид гардидааст, ки дар фосилаи кам аз дидбонгоҳи сарҳадии “Нуробод” дар ноҳияи Деваштич ҳузури нерӯҳои таъйиноти махсуси Қирғизистон дар ҳайати 70 нафар сабт гардидаст. ҶТ ҷониби Қирғизистонро ба риояи қатъии санадҳои имзошуда даъват намуда, ҳушдор додаст, ки дар акси ҳол ин иқдом чун омодагӣ ба таҷовузкории навбатии Ҷумҳурии Қирғизистон арзёбӣ хоҳанд шуд. Паёмади чунин моҷароҷӯӣ ба дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд, таъкид намудааст ВКХ ҶТ.