Нурулло Алиев – размкори шинохтаи тоҷик дар мубориза барои дарёфти қарордод бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Уикиро ба осонӣ шикаст дода, аввалин варзишгари тоҷик гардид, ки дар UFC ҳунарнамоӣ мекунад.
Аз миёни размкорони тоҷик Нурулло Алиев аввалин нафаре гардид, ки ба бузургтарин созмони размкории ҷаҳон UFC шомил гардад.
Бояд қайд намоем, ки як моҳ қабл Нурулло Алиев бо ташкилоти Дана Уайт – “Dana White Contender Series” шартнома ба имзо расонида буд. Ҳамакнун, Алиев пас аз ғалаба муқобили варзишгари амрикоӣ Ҷош Уики 27-сола ба UFC роҳ ёфт ва аз ин баъд рақобатҳояшро дар ин ташкилот доир мекунад.
Нурулло Алиев 22-сол дошта, дар корномааш 7-пирӯзӣ дорад ва то ҳол дучори бохт нагардидааст. Ӯ фаъолияти касбии худро дар муҳорибаҳои омехта соли 2018 оғоз кард ва тавонист дар чанд созмони маҳаллӣ ҳунарнамоӣ кунад. Нурулло охирин набарди худро моҳи сентябри соли гузашта анҷом дода, бо қарори якдилонаи доварон пирӯз гардида буд.