Дар Вазорати энергетика ва захиращои оби ҷумҳурӣ конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалии “Аҳамияти илмии татбиқи усулҳои гуногуни инноватсионии обёрӣ бо мақсади истифодаи самарноки захираҳои обу замин дар Тоҷикистон” оғоз шуд.
Дар конфронс роҳбарияти вазорати мазкур, олимони соҳа , насояндагони идораҳои дахлдор ширкат доштанд. Дар конфронс аз ҷониби баромадкунандагон таъкид гардид, ки тавассути истифодаи обёрии қатрагӣ ва дигар усулҳои обёрии инноватсионӣ метавон ба натиҷаҳои хуб ва ҳосили фаровон бирасем, зеро сол ба сол талабот ба об бештар гардида, манбаҳои обӣ бошанд тағйир намеёбанд.
Гуфта шуд, ки барои Точикистон имкониятҳо фаровонанд, то ки бозори истеъмолӣ ғанӣ гардад. Конфронс то бегоҳ идома меёбад ва итминон аст, ки тавассути пешниҳоди олимони соҳа ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид барои обёрии замин дода мешавад.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”