Рӯзи 19-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд 9-умин мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштини ҷудо оғоз гардид.
Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо аз рӯи 4-вазн, (-57кг) ва (-63кг) миёни бонувон ва зери вазни (-66кг) ва (-81кг) миёни мардон сурат гирифт ва варзишгарон барои ба даст овардани нишонҳои мусобиқа рақобат намуданд.
Зери вазни то 66кг 31-ҷудочӣ барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ мубориза бурданд. Нишони тиллои ин вазнро ҷудокори тоҷик Муллораҷаб Халифаев ба даст овард. Муллораҷаб дар даври ниҳоӣ ҷудокори рус Обид Ҷебовро бо се огоҳӣ (шидо) шикаст дод.
Ғолибони вазни -66кг
1.Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)
2.Обид Ҷебов (Русия)
3.Дилшодбек Юлдошев (Ӯзбекистон)
3.Артём Штурбабин (Ӯзбекистон)
Барои ба даст овардани нишонҳои фахрии вазни -81кг 28-варзишгар мубориза бурданд. Медали тиллоӣ ин вазнро ҷудочии бомаҳорати тоҷик Ҳамроз Раҷабов ба даст овард. Ҳамроз дар даври ниҳоӣ ҷудочии эронӣ Меҳдӣ Фатҳиро бо имтиёзи иппон шикаст дод. Ҷудочии ӯзбек Рамазон Аллабердиев барои ба даст овардани нишони биринҷӣ варзишгари тоҷик Ғаниҷон Ғаниевро дар сонияҳои аввали рақобат бо як маҳорати баланд шикаст дод. Барои ба даст овардани медали дуюми биринҷӣ Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо Раҳматуллобек Фарҳодов Субҳиддин Халилзодаро шикаст дод.
Ғолибони вазни -81кг
1.Ҳамроз Раҷабов (Тоҷикистон)
2.Меҳдӣ Фатҳӣ (Эрон)
3.Аллабердиев Рамазон (Ӯзбекистон)
3.Раҳматуллобек Фарҳодов (Тоҷикистон)
Миёни бонувон Шоҳида Қаландарова, Аҳлия Муминова ва Фазилат Гулбоева дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо ба гирифтани зинаҳои фахрӣ мушарраф гардиданд.
Ғолибони вазни -57кг
1.Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
2.Аҳлия Муминова (Тоҷикистон)
3.Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон)
Дар вазни -63кг Мавлуда Одинаева нишони тиллои мусобиқаро соҳиб шуд.
Ғолибони вазни -63кг
1.Мавлуда Одинаева(Тоҷикистон)
2.Ҷонона Назарова (Тоҷикистон)
3.Рузафсун Бекназарова (Тоҷикистон)
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд. Барои ҷойи якум 40-ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 20-ҳазор ва барои ҷойҳои сеюм 10-ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.