Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки як рӯз пеш барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Кинг-2022 вориди Чианг Май шуд, дар Тайланд нахустин тамрини худро анҷом дод.
Дар ҳайати мунтахаби кишвар дар ҳоли ҳозир 17-бозингар қарор дорад. Бозингарони боқимонда марҳила ба марҳила ба дастаи мунтахаби кишвар дохил мешаванд. Тими мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 22-сентябр дар ҳайати пурра вомехӯрад.
Дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Кинг-2022» мунтахаби Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 22-сентябр бо тими миллии Тринидад ва Тобаго рақобат мекунад. Дар вохӯрии дигари ниманиҳоӣ дар ҳамон рӯз тимҳои миллии Тайланд ва Малайзия бо ҳам вомехӯранд.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25-сентябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи 700-солагии Чианг Май баргузор мешаванд.
Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Кинг 2022:
Даври нимфинал
Рӯзи 22-сентябр (панҷшанбе)
Соати 15:30 Тринидад ва Тобаго — Тоҷикистон.
Соати 18:30 Тайланд — Малайзия
Рӯзи 25-сентябр (якшанбе)
Соати 15:30 Рақобат барои ҷойи сеюм
Соати 18:30 Финал.