Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) зери роҳбарии сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “I” ҷойи аввалро ишғол карда, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Ҷоми Осиё миёни ҷавонон аз 1-ум то 18-уми марти соли 2023 дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ бар ҳамсолони худ аз Камбоҷа бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид. Голҳоро аз ҳайати тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Амадонӣ Камолов ва Бежан Нишонбойзода ба самар расониданд.

Қабл аз оғози рақобат дақиқаҳои хомӯшӣ барои поси хотири шаҳрвандони кушташудаи Тоҷикистон дар пайи ҳамлаҳои низомиёни Қирғизистон, пеш аз бозӣ миёни мунтахабҳои то 20-солаи Тоҷикистон ва Камбоҷа дар доираи бозиҳои даври 3-юми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё 2023 сурат гирифт. Футболбозони мунтахаби кишвар ёди шаҳидонро гиромӣ доштанд ва бо дастбанди сиёҳ аз мотам доштан дар ин рӯзҳо ишора карданд!

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола
Гурӯҳи “I”
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Камбоҷа – 2:1
Голҳо: Амадонӣ Камолов, 58 (1:0). Сокнет Хав, 64 (1:1). Бежан Нишонбойзода, 79 2:1).