Се филми синамогарони тоҷик дар Тошканд намоиш дода шуд

Акс аз МД “Тоҷикфилм”

Дар доираи Синамоҷашнвораи мазкур 13-уми сентябри  соли 2022 дар шаҳри Тошканд Рӯзҳои кинои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузур гардиданд. Намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ санъату ҳунари худро барои иштирокчиён муаррифӣ намуда, аз тақвияти ҳамкориҳои судманд иброз назар намуданд.

Тавре Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад, нимаи дуюми рӯзи 13-уми сенятбр Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Театри давлатии академии балети ба номи Алишери Навоӣ ифтитоҳ гардид. Нахуст филми мустанади “Се рӯзи як баҳор” коргардон Рустам Шоазимов муаррифӣ ва намоиш дода шуд. Филми ҳунарии “Роҳ” коргардон Носир Саидов оғозбахши Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон гардида, манзури алоқамандони синамо карда шудааст.   

Дар ин замина, филмҳои ҳунарӣ ва мустанади Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, аз қабили филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд”, коргардон Муҳамадрабии Исмоил, филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умедшо Мирзоширинов, филми мустанади “Масири ҳамдилӣ-СҲШ” коргардон Файзулло Файзов ба Рӯзҳои кино дар шаҳри Урганҷ идома бахшида, барои алоқамандон ва ҳаводорони санъату ҳунари асил ба намоиш гузошта мешаванд.