Намояндагони Тоҷикистон дар намоиши байналмилалии “ART EXPO” иштирок намуданд

Акс аз Вазорати фарҳанг

Аз 8 то 10 сентябри соли равон дар шаҳри Нур-султони Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва намоиши байналмилалии “ART EXPO” – и давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар дода, менависад, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо дар ин ҳамоиши фарҳангӣ иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон – директори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Сайфиддинзода Камолиддин, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов Ҷурахонзода Сироҷиддин ва корманди Вазорати фарҳанг Каримова Салима дар ин чорабинии бошукӯҳи байналмилалӣ иштирок доранд.