Имрўз Директори Муасссисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода зимни нишасти матбуоти оид ба фаъолияти нимсолаи Муасссисаи мазкур дар ҷамъи хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар нимсолаи якуми соли 2020 дар доираи амалигардонии фаъолияти «Парвариши мурғи хонагӣ бо мақсади зиёд кардани саршумори паррандаи хонагӣ, истеҳсоли тухм ва гушти парҳезӣ ба гурӯҳҳои занони паррандапарвар 70 инкубатори хонагӣ бо технологияи муосири идоракунии раванди барориши чўҷаҳо дастрас карда шуд.
Ҳамчунин манбаъ дар ин нишаст илова кард, ки бо истифода аз инкубаторҳои дастрасгардида, дар моҳҳои апрел-июни соли равон 11 270 чўҷаи мурғи хонагӣ ва 4 252 чўҷаи мурғи марҷон парвариш карда шуд. Барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ба 331 зани ниёзманди деҳаҳои зерҳадафи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 2468 чўҷаи мурғи хонагӣ ва марҷон ройгон дастрас гардид. Ин иқдом идома ёфта, минбаъд низ занони эҳтиёҷманди деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Машраби Холмаҳмад
Радиои “Тоҷикистон”