Давоми 31 соли истиклолияти давлатдорӣ Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дурнамои соҳаи кишоварзиро дар қатори ҳадафҳои афзалиятноку стратегии худ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош намуд. Гузашта аз ин шароити мусоиди табиӣ, захираву имкониятҳои зарурии кишвар ва инчунин сиёсати дурусти аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки тули 31 соли соҳибистиқлолӣ худтаъминкунии аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ низ рушд кард.
Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров дастовардҳои беназири соҳаи кишоварии мамлакатро аз заҳмат ва талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад ва мегӯяд, ки ин муддат барои рушди бесобиқаи соҳа чандин консепияву барномаҳои рушди соҳавӣ амалӣ гардиданд, ки имрўз мо самарашро мушоҳида мекунем.
Коршиносони соҳа яке аз омилҳои рушди соҳаи кишоварзиро ба додани як қатор имтиёзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад Баҳодур Назаров-сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон мегўяд, ки пас аз додани имтиёзҳо самаранокии соҳаҳо маротиба зиёд гардид. Давоми ҳафт моҳи сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 19,4 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Гузашти айём ва ҳамзамон вазъи кунунии соҳаи аграрии кишвар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки 31 соли соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳот ба рушди соҳаи кишоварзӣ низ мусоидат намуд. Дар ин давра тавассути гузарондани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин, бо роҳи зиёд кардани майдони боѓу токзор фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд, ки ин ҳама дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд гузошт.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ давоми солҳои 1991- 2022 | ||
Номгуи маҳсулот | Соли 1991 | Айни замон |
Ғалладонагӣ | 292 ҳазор тонна | 1 миллиону 561 ҳазор тонна |
Сабзавот | 322 ҳазор тонна | 2 миллиону 561 ҳазор тонна |
Картошка | 106 ҳазор тонна | 1 миллиону 41 ҳазор тонна |
Полезӣ | 55 ҳазор тонна | 818 ҳазор тонна |
Муродулло Раҳимов
Радиои “Тоҷикистон”