Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) зери роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев марҳилаи ниҳоии омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 14-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, оғоз кард.
Барои омодагӣ ҳайати тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро 25-бозингар, 3-дарвозабон, 8-ҳимоятгар, 11-нимҳимоятгар ва 3-ҳамлагар пур кардааст. Ба дархости ниҳоии дастаи ҷавонони кишвар барои ширкат дар марҳилаи интихобӣ 23-бозингар ворид карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» ҳунарнамоӣ мекунад. Рақибони дастаи то 20-солаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа, тимҳои ҷавонони Сингапур (14-сентябр), Лубнон (16-сентябр) ва Камбоҷа (18-сентябр) ба ҳисоб меравад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Ғолибони 10-гуруҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро соҳиб мешаванд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли 2023 дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Ҳайати тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20):
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо», Душанбе), Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Содиқ Қурбонов, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо»-и Душанбе), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);
Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Паракуэллос Антамира», Испания), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Азизбек Ҳаитов, Бежан Нишонбойзода, Абдулло Шарифов, Меҳроб Асоев, Фатҳулло Олимзода (ҳама аз «Динамо»-и Душанбе), Ҳамза Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашӯрмамадов (бе бошгоҳ);
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Динамо-Брест», Беларус), Асадбек Ҷӯрабекзода «КМВА»), Сунатулло Азизов («Динамо», Душанбе).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.