Акс аз ВКХ ҶТ
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ 6 сентябри соли 2022 cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Сенати Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот намудааст.
Ба иттилои манбаъ дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст, ба вижа ташкил ва тавсеаи робитаҳои судбахши байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии зиёд ба фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, табодули сафарҳо ва омӯзиши таҷриба ва маҳоратҳои касбии ду ҷониб зоҳир гардид.