Агентии назорати давлатии молиявӣ мубориза бо коррупсия аз боздошти мансабдоре хабар додааст, ки барои ба вазифа таъин намудан пора талаб кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Суҳроби Рустамхон дар вазифаи роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи мақоми хизмати аз шаҳрванд “А” барои ба вазифаи сарнозири зеристгоҳи барқии “Роҳатӣ” 35/10кВ, “Шарқӣ” 110/35/6 кВ-и Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ таъин намуданаш маблағи 20000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Суҳроби Рустамхон бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.