Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 30 сентябр мақолае бо номи “Мушкили сифат дар либоси мактабӣ. Роҳи ҳал кадом аст?” чоп карда навиштааст, ки тайи шашмоҳаи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1,4 миллион дона либоси мактабӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба талаботи солонаи 2,2 миллион хонандаи мактаб миқдори кам нест, аммо бо вуҷуди ин, волидони муҳассилини муассисаҳои таълимӣ аз маҳсулоти воридотӣ мехаранд.
Ба таъкиди муаллиф мутаассифона, дар корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ таҷҳизоти муосири истеҳсоли тугма вуҷуд надорад. Бар замми ин, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани таҷҳизоти тавлидотӣ, ки аз хориҷа барои дӯхтани шиму костюм ворид мешаванд, ба раванди истеҳсолот ва иҷрои нақша таъсир мегузоранд.
Дар баробари ин ба гуфтаи мутахассисон, барои бартарафсозии тавлидоти либосҳои бесифати мактабӣ истеҳсоли матоъҳои костюмворӣ, астарворӣ ва куртаворӣ дар дохили кишвар амри зарурист.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки 61 ширкатҳои ватании содироткунанда дар Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо ба қайд гирифта шуда, содироти ин ширкатҳо бо истифода аз тиҷорати электронӣ ба Иттиҳоди Аврупо, Швейтсария, Норвегия, Туркия ва дигар давлатҳо ба роҳ монда шуда, ба маблағи қариб 20 миллион доллар маҳсулот содирот гардид.
Дар ин хабар таъкид мешавад, ки дар асоси маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи тадбирҳои самарабахш ва самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда аз дохили ҷумҳурӣ ба маблағи 1 миллиарду 215,2 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ ба хориҷа содирот гардидааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 29 август мусоҳиба бо академики Академияи илмҳои кишовразии Тоҷикистон, узви Ассотсиатсияи илмии умумиҷаҳонӣ оид ба парандапарварӣ Давлатҷон Комилзодаро чоп кардааст.
Академик Давлатҷон Комилзода зикр кардааст, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар истеҳсоли тухм аз 341 млн. дона дар соли 2017 то 1 миллиард дона ва гӯшти паранда аз 7,6 ҳазор тонна то 44 ҳазор тонна бештар гардид. Инчунин корхонаҳои парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 210 ададро ташкил медиҳанд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2017-ум се маротиба зиёд аст.
Ҳамзамон дар ин давра воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар аз байн рафт. Дар баробари ин ба гуфтаи номбурда меъёри истеъмоли тухм ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол 194, 4 дона ва гӯшти паранда 18 кг. муайян гардидааст. Аз ин лиҳоз, таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо тухму гӯшти паранда беҳбудиро тақозо менамояд. Бинобари ин, истеҳсоли тухм дар ҷумҳурӣ бояд ба 1,8 миллиард дона ва гӯшти паранда ба 170 ҳазор тонна дар як сол расонда шавад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 31 август мақолае бо номи “Ютубталбандаҳо. Ба номи камбағалу ба коми блогер” нашр карда, хостори он шудааст, ки блогерҳо аз фаъолияти худ ба ҷомеа ҳисобот пешниҳод кунанд. Ба навиштаи муаллиф блогероне, ки барои кӯмак ба ниёзмандон наворҳои видеоӣ нашр мекунанд, бояд ҳатман ҳаҷми маблағҳои ҷамъшударо расонаӣ кунанд.
Муаллиф дар ин мақола иддао кардааст, ки бархе блогерон барои таҳияи наворҳои видеоӣ аз ниёзмандон маблағ талаб карда, инчунин аз маблағҳои ҷамъшуда фоизи муаянро низ мегиранд. Бо назардошти ин ба хулосаи муаллиф, фаъолияти ин гуна блогерон бояд аз ҷониби мақомот таҳлилу баррасӣ ва назорат шуда, ҳамзамон худи блогерон вазифадор шаванд то аз фаъолиятҳои худ ҳисобот диҳанд.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре мусоҳиба бо академик Нуриддин Қаюмовро дар атрофи мавзӯи вазъи илми иқтисодшиносӣ дар кишвар чоп кардааст. Академик Нуриддин Қаюмов аз вазъияти имрӯзаи омӯзиши илми иқтисод дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки айни замон дар Академияи миллии илмҳо танҳо ду нафар академик дар самти иқтисод мондаанд, ки синашон ба ҷое раисдааст.
Ба гуфтаи Нуриддин Қаюмов барои пешрафти илм пеш аз ҳама беҳтар кардани шароити зиндагии олимони ҷавон зарур аст ва дар ин замина бояд аз таҷрибаи давлати шӯравӣ бояд кор гирифт, ки барои мисол олимони ҷавонро пеш аз ҳама бо хона таъмин мекарданд. Яъне дар маҷмӯъ муносибат ба илм бояд комилан дигар карда шавад, – таъкид кардааст академик Нуриддин Қаюмов.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар сармақолаи шумораи рӯзи 1 сентябри худ савол гузоштааст, ки “Чӣ гуна метавон фасодро дар БДА аз байн бурд?”. Муаллиф бо назардошти он ки чанде пеш раҳбари раёсати БДА-и ВКД ҶТ иваз шуд, чанд мушкили мавҷуд дар ин сохтори интизомиро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф мушкили рақами яки БДА вуҷуди фасоди молӣ ё худ коррупсия ҳаст, ки бояд бо роҳандозии як ислоҳот дар фаъолияти ин сохтор, аз байн бурда шавад. Мушкили дуввум, ки то ҳол ҳалли пурраи худро наёфтааст, танзими фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар аст, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди мақомот ҳамоно дар ин самт камбудиҳо зиёд ба назар мерасад.
Ба таъкиди муаллиф масъалаи дигаре, ки раҳбарияти нави раёсати БДА бояд ба он таваҷҷӯҳ кунад, одоби муоширати нозирони роҳ бо ронандагону пиёдагардон аст. Яъне дар ин замина бояд курсҳои махсуси омӯзишӣ ва ё дарсҳои такмили ихтисос миёни нозирони БДА ташкил карда шавад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки тибқи гузориши охирини Кумитаи иҷроияи ИДМ то охири соли 2022 нархи нуриҳои минералӣ то 70% афзоиш хоҳад ёфт. Ба навиштаи муаллиф бо назардошти он ки Тоҷикистон нуриҳои минералиро аз хориҷи кишвар ворид мекунад, дар чунин ҳолат соли оянда арзиши маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар боз ҳам болотар хоҳад рафт.
Муаллиф таъкид мекунад, ки Тоҷикистон дар як сол ба ҳудуди 750 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ниёз дорад, ки онро асосан аз Русия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо ворид мекунад. Ҳамзамон ба гуфтаи муаллиф интизор аст, ки тирамоҳи имсол дар Тоҷикистон ду корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии азотӣ ва фосфорӣ ба фаъолият шурӯъ кунад, ки шояд бахше аз ниёзи кишоварзони Тоҷикистон бо нуриҳои минералиро таъмин кунад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 1 сентябр мақолае бо номи “Сипоҳи сулҳ”-и амрикоӣ дар амал” нашр карда, дар он фаъолияти созмони амрикоии “Фонди Сорос”-ро дар Тоҷикистон баррасӣ кардааст.
Ба хулосаи муаллиф бисёре аз фондҳои ғарбӣ иддао доранд, ки ба истиллоҳ арзишҳои волоро пайгирӣ мекунанд, аммо дар асл онҳо ба аҳдофи дигар – аз таъсиси режими дастнишонда то сар задани низоми мусаллаҳона ноил мешаванд. Муаллифи матлаб коршинос Комрон Сафаров навиштааст, ки мисоли фаъолияти ҳамаи ин фондҳо ҳаводиси ахири рухдода дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон аст. Муаллиф дар анҷоми мақола мегӯяд, ки дар ин ҳодисаҳо изи дасти кишварҳои ғарбиро метавон мушоҳида кард, ки ҳадафҳои худро тавассути созмонҳои ғайриҳукуматии таҳти назораташон тарғиб мекунанд.
Одинаи Маҳмад
радиои “Тоҷикистон”