18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз рўи лавҳаи рамзӣ бинои нави Беморхонаи клиникии рақами 1 ба номи “Султон Урунов”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои беморхона аз 7 ошёна иборат буда, дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои беморхонаи нав дорои 7 шуъба ва 200 кати хоб мебошад.
Ба истифодадиҳии бинои нав шуъбаҳои беморхонаи клиникии рақами 1-шаҳри Хуҷанд ба 18 ва катҳои хоб ба 660 расид, ки имконияти фарогирии беморонро бо ташхису табобат васеъ гардонид.
Дар баробари шуъбаҳои навтаъсис дар бинои нав толори барҳаво барои гузаронидани ҷаласа ва конфронсҳои илмӣ-амалӣ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона бо шароити хизматрасонии хуб омода карда шудааст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави беморхонаи клиникии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд 200 корманди соҳа бо кор таъмин гардиданд, ки дар маҷмуъ бо кормандони биноҳои қаблан фаъолияткунанда 900 кормандро ташкил медиҳад.
Дар шуъбаҳои навтаъсиси қабул, эҳё ва наҷот, ҷарроҳиҳои фаврӣ, асаб, урологӣ, амрози занона, осебшиносӣ ва ортопедия шароит ва усулҳои нави табобат роҳандозӣ карда шудааст.
Муассисаи тиббии мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳа, аз ҷумла томографияи рақамӣ, рентгени рақамӣ, сабти барқии дил, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадо, таҷҳизоти муосир барои ташхис ва табобати гурда ва дигар намуди дастгоҳҳои безараргардонӣ, дастгоҳҳои озмоишии истеҳсоли кишварҳои Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти нав бо кормандони беморхона суҳбати самимӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки солимии ҷомеа ва рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар доираи стратегия ва барномаҳои давлатӣ аз ҷумла “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ карда мешавад.
Бо истифода аз шароиту имкониятҳои васеи фароҳамомада ва технологияи муосири таъмингардида акнун дар ин муассисаи тиббӣ ҷарроҳиҳои бариатрикӣ, лапароскопии бемориҳои гурда, чурраҳои ковокии шикам бо усулҳои нав ва ғайра гузаронида мешавад.
Бунёд гардидани муассисаҳои нави тиббӣ бо ба назар гирифтани зиёдшавии аҳолӣ имкон дод, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ баланд бардошта шуда, як қатор амалҳои муосири дарёфт, ташхис, табобат ва гузаронидани ҷарроҳиҳои нодир дар соҳа ҷорӣ карда шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки солимии аҳолӣ ҳамеша дар мадди аввал меистад. Аз ин рӯ, такмил додани сатҳи тахассусӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис бо истифода аз технологияи муосир, баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва муоширати хубу масъулият доштан ҳангоми фаъолият бисёр муҳим аст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ду маркази саломатиро дар шаҳраки Меҳргони маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва деҳаи Палдораки деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҳар ду маркази саломатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки маркази саломатии шаҳраки Меҳргони маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои 16 ҳуҷраи корӣ буда, дар он шароит ва дастгоҳу таҷҳизоти ташхису табобат таъмин гардидааст. Баробари ба истифода додани Маркази саломатии мазкур 50 сокини ноҳия бо кор таъмин гардид.
Дар маркази саломатии деҳаи Палдораки деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бошад, 10 корманди соҳаи тандурустӣ бо кор таъмин гардида, он ба 2 ҳазору 200 аҳолии деҳа хизматрасонии тиббӣ мерасонанд.
Бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани чунин муассисаҳои тиббӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, махсусан дар ноҳияҳои кӯҳистони кишвар самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат буда, ба хотири амалан татбиқ намудани механизмҳои ташхису табобат, расонидани кӯмаки аввалия ва солимгардонии аҳолӣ анҷом дода мешаванд.
