Бинобар нигориши нашрияи «Ҷумҳурият» сарчашмаи даромади сеяки аҳолии сайёра аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ аст. Тибқи иттилои мутахассисон, дар як қатор кишварҳои Осиё ва Африқо беш аз нисфи аҳолӣ ба зироаткорӣ машғуланд. Айни ҳол дар саросари дунё, бар асари тағйирёбии иқлим, соҳа дучори мушкилӣ гардидааст. Коршиносони Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ ба хулосае омаданд, ки маҳз бо сабаби тағйирёбии иқлим пас аз соли 2030 дар гўшаҳои гуногуни олам ҳосилнокӣ паст мешавад. Баландшавии ҳарорати ҳаво, сатҳи оби дарёҳо ва хушкиву офатҳои табиӣ аз таҳдидҳои асосӣ ба шумор мераванд ва табиист, ки дар ин ҳолат таъмини амнияти озуқаворӣ зери суол қарор мегирад.
Тоза нигоҳ доштани муҳити зист дар баробари дигар самтҳои фаъолияти инсон барои зиндагии шоистаи башарият нақши муҳим мебозад. Гузашти айём собит намуд, ки ҳама он кўшишу талошҳои инсоният барои беҳтар намудани зиндагии худ ва инкишоф додани илму малака ва маҳораташ, ки дар пайи он ба дастовардҳои беназир ноил гаштааст, дар баробари манфиаташон зарар ҳам доштааст.
Маҳз дар пайи ихроҷи бесобиқаи газҳои гулухонаӣ ва муносибати нодурусти инсон ба табиат боиси босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва падидаҳои флокатовари гидрометеорологӣ гашта таъсири манфии худро ба амнияти озуқаворӣ, захираҳои гидроэнергетикӣ, солимии аҳолӣ расонад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси комиссияи экологӣ дар парлумон Фазлиддин Икромӣ боварӣ дорад, ки сабаби асосии тағйирёбии иқлим фаъолияти инсон дар сайёра ба ҳисоб меравад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки маҳз саноатишавии кишварҳо ва дар пайи он зиёд шудани истихроҷи газҳои гулухонаӣ боис гардидааст, ки мо тағйирёбии иқлимро ҳарчӣ бештар аз пештар мушоҳида намоем.
Вазъи ҷаҳон нишон медиҳад, ки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад ва дастгирии байналмилалиро тақозо дорад. Тибқи пешгўии Фонди байналмилалии асъор, дар сурати наандешидани чораҳои дахлдор, оқибатҳои тағйирёбӣ барои кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ногувор хоҳад буд. Дар гузориши Барномаи рушди СММ зикр мешавад, ки то соли 2030 дар Қазоқистон ҳосилнокии гандум, тақрибан, аз 13 то 37 дарсад коҳиш меёбад ва то соли 2050 ин рақам шояд то ба 50 дарсад расад. Бо дарназардошти оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ҷомеаи ҷаҳонӣ талош дорад, то ҷиҳати кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим тадбирҳои судманд биандешад.
Дар ҳамин ҳол Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси комиссияи экологӣ дар парлумон Фазлиддин Икромӣ зимни сӯҳбат мегўяд, ки айни замон байни кишварҳои дунё дар самти паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим Созишномаи Париж қабул шудааст, ки риояи он ба баландшавии ҳарорати ҳаво дар сайёра роҳ намедиҳад.
Чӣ бояд кард то тағйирёбии иқлим ба амнияти озуқавории кишвар таъсири амиқ нагузорад? Дар ин самт ҳамсӯҳбати мо коршиноси соҳаи экология Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ истифодаи ҳама намуди усулҳо – аз ҷумла технологияи муосир ҳангоми коркарди агротехникаи парвариш дар ҳамин шабу рўз пешниҳод менамояд.
Бино ба назари муовини Раиси комиссияи экологӣ дар парлумон Фазлиддин Икромӣ талошҳои Парлумони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати иқлимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим чашмрас аст. Аллакай дар ин маврид тағйиру иловаҳо ба қонунҳои марбутаву кодексҳои алоҳида ворид гардидааст.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки талошҳои Парлумони кишвар дар самти татбиқи сиёсати иқлимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст. Худ роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзўи экология»-и Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа мусоидат мекунад.
Воқеан, баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа метавонад дар самти тоза нигоҳ доштани муҳити зист мусоидат кунад. Маҳз тамиз накардани гирду атроф, истифодаи нодурусти захираҳои табиӣ ва дар заминаи рушди технология истихроҷи аз меъёр зиёди гази гулухонаӣ боиси тағйир ёфтани иқлим гардидааст. Бино ба иттилои коршиносони соҳа ва ҳамзамон мушоҳидаҳои бисёрсолаи обуҳавошиносӣ нишон медиҳад, ки дар давоми 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон то 1°С баланд шуда, шумораи рўзҳои боришоти сел афзудааст ва офатҳои табиии марбут ба об, ки хисороти иқтисодии онҳо дар навбати худ имкониятҳои кишварро барои ноил шудан ба рушди устувор коҳиш медиҳад, зиёд гардидааст. Пас, бикўшем, то бо баланд намудани маърифати экологӣ худу атрофиёнро аз пайёмади ногувори тағйирёбии иқлим ҳифз намоем!
Муродулло Раҳимов
радиои “Тоҷикистон”