Чин нақша дорад, ки партовҳои зарароварро коҳиш дода, нерӯи офтобӣ ва бодиро рушд диҳад

Президенти Ҷумҳурии мардумии Чин, Си Ҷинпин эълон кардааст, ки дар кишвараш партовҳои зарароварро ба таври назаррас коҳиш дода, истифодаи энергияи тозаро афзоиш медиҳад.

Тибқи гузориши Агентии иттилоотии Синхуа, Чин нақша дорад, ки нерӯи офтобӣ ва бодиро рушд дода, иқтидори умумии онҳоро аз 3600 гигаватт зиёд кунад. Ғайр аз ин, то соли 2035 ҳукумат ҳадаф дорад, ки ҳадди аққал сеяки тамоми энергияи кишвар аз манбаъҳои тоза истеҳсол шавад.