ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРИ ПАНҶУМИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2027 БАР ДАСТАИ ТИМОРИ ШАРҚӢ ҒАЛАБА КАРД

Дастаи миллии Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» дар сафар бар Тимори Шарқӣ пирӯз шуд.

Ин бозӣ имрӯз, 18 ноябр дар варзишгоҳи Лигаи регбии Дарвин баргузор шуда, бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Аз ҳайати тими мо Шервонӣ Мабатшоев ду гол зада, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев як голии дигарро марбути номи худ карданд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Филиппин рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ин дидор 31 марти соли оянда дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.