Тоҷик ва ин сарзамини тамаддунофару бостонон низ монои сойири миллатҳои дунё ҷашнҳои зиёде доранд, аммо ҷашни Истиқлол бешак сармаъшаи суботу пойдориву бегазандии давлати навини тоҷикон будааст. Мо дар остонаи таҷлили солгарди навбатии Истиқлоли хеш қарор дорем, ки он бо шарофати сиёсати дурбинонаи марди майдони ифтихору виқор, саркору сарфолу саркалони ин миллату сарзамини аҳди анд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти муҳтараму муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муассир пайдо намуд.
Боре, ба соате фарои андеша афкоре биронед, ки Худо накарда, агар Истиқлол надошта бошем, пас, метавон иқрор шуд, ки дигар ҳама ҷашнҳо маъниву мафҳуми худро гум намекунанд? Бешак, Истиқлол аст, ки мо масири сарнавишти худро муайяну музайян месозем, вобастаи касе нестем ворастаи ин ҳамаем ва худ тасмим мегирем, ки бо кадом кишварҳо чӣ шеваи иртиботи қарину қаробати жарфе барқарор бисозем.
Инак, Истиқлоли давлатии моро, ки шабеҳи дарахти хушбару борест, бо виқору ифтихор 31-соли умрашро таҷлил мекунем, ки дар шумули ҷавони қоматкашидаву расидаест, ки дар харитаи ҷаҳон бо номи Тоҷикистон мақом пайдо кардем. Ин ҷавони вораста ва ин фарзанди бо хуни дил парваридаи миллати тоҷик дар айёми аввал мушкилоти зиёдеро гузора намуд, чаро ки мо дар замоне қарор дорем, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, терроризму экстремизм, равияҳои тундрави исломӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, бархӯрди тамаддунҳо авзои дунёро хеле ҳассосу пуризтироб гардондаанду ин падидаҳои баду зишт моро низ бе асар нагузоштаанд.
Ҳамин буд, ки Сарвари ҳушёр, марди хирадкешу солорандеш камари мардонагӣ мустаҳкам зад, то моро аз ин вартаи навмедӣ наҷот бубахшаду ба саодат бирасонад. Дар марҳилаҳои мухталифу тӯлонии таърих табиист, ки рисолати тамаддунофарӣ низ бар дӯши ҳамин халқ, яъне тоҷик буда, бад-он мадрак, ки қавмҳои бадавиву саҳрогард думболи молу рама буданд, чаро ки ба пиндору гумону ангошти онҳо, тамоми зиндагӣ ҳамин саҳро асту бас. Вале ин миллат хираду шуури болову зеҳни расо, ки дошт, дақиқу дуруст дарк мекард, ки шоистасолорӣ чӣ арзишест муқаддас.
Пайдоиши вожаи тоҷик нахуст ба саддаҳои баъди мелодӣ рост меояд, ҳарчанд дар баъзе асарҳои таърихӣ, дидаварони ҳамсоякишварҳо аз ин ҳам бештар дарҷ шудааст. Бешак, агар миллат аз арзишҳои худ огоҳӣ дошта бошад, пояҳои давлатдориаш устуворанду истиқлолаш пойдору осебнопазир боқӣ мемонад. Гунае, ки Пешвои муаззами миллат дар бастагӣ ба ин масоил ҳамвора ба иқроранд: “Пешрафти устувори миллат ва ҷомеа дар ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба ифтихори баланди милливу ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии афроди он ва садоқату муҳаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аҷдодӣ вобаста мебошад“.
Бахшида ба таҷлили солгарди Истиқлоли давлатӣ як идда чорабиниҳои давлатӣ роҳандозӣ гардиданд, ки бешак дар худшиносӣ, вусъат ёфтани илму маърифат дар ҷомеа мусоидат менамояд. Шумуле аз ин чорабиниҳои муҳим озмунҳои фароҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат ва бад-ин гуна будаанд. Ҷойи тардид намонда, ки самари ин чорабиниҳои ҷумҳуриявиро мо дар наздиктарин фурсат дидему мушоҳида кардем.
Ҳамчун маъракаҳои зеҳнии сифати воло, баҳри рушди ҷомеаи мо дар замони соҳибистиқлолӣ басо манфиатбор будааст, зеро барои эҳёи ҳувияти миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ҷомеаи аз назари илму маърифат мусаллаҳ моро зарур аст. Насли нав бо ин шарту шароит ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтару хубтар ҳамоҳанг мегардад. Барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми муассиру ҳалкунанда мегирад. Ҷавони муосири тоҷикро мебояд дарк дошта бошанд, ки барои устувор нигаҳ доштани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ масъулият бар дўш доранд. Тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи арзишҳову тамаддуни ниёгон ба фаҳму дарк, донишу маърифатамон бастагӣ дорад.
РОҒУН
Метавон гуфт, ки тарҳи НБО-и Роғунро ҳанӯз дар замони Шӯравӣ кашида буданд, вале он ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Баракати истиқлоли кишвар моро бар он водор намуд, ки даст ба бунёди чунин иншооти бузург бизанем ва билохира дар ин масир муваффақ бошем. Онҳое, ки синни бузургтар доранд, нек медонанд, ки зарфи 70 соли салтанати Шӯравӣ дар самти роҳу нақлиёт мушкилиҳо аз мӯйи сар беш буданд. Вале насими истиқлол навиди хушеро барои миллати шарифи Тоҷикистон ҳадя овард ва имрӯз чаҳор фасли сол роҳҳо миёни пойтахту музофотҳо бозанду саркардаи ин ҳама ободиҳову осудагиҳои тамом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будааст.
Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем. Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони кишвар ба тадриҷ афзун мегардад. Аз хушиқболии насли нави кишвар аст, ки дар фазои осоиштагиву оромиши Тоҷикистон кору пайкор доранд. Ва баҳри амалӣ намудани сиёсати созандаи Роҳбари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар сокини ин диёр аст, ба сар мебаранд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бо тантанаву шукӯҳи хоса таҷлил менамояд, дар ин росто ҳамагӣ бояд барои рушд ва вусъат дар ҳама соҳаҳои кишвар талош биварзем. Ва хушбахтона, дар ин 31 соли пуршараф, миллати тоҷик роҳеро тай намуд, ки метавон онро сарнавиштсоз номид. Зеро миллат аз ҷангу хунрезии таҳмилӣ ба сулҳу ваҳдати комили миллӣ расид. Сулҳу субот, осоишу оромиш, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона, сулҳофарин ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадааст, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин хоҳад кард.
Пас, эй меҳани озода, осуда бош, ки шермардонат туро ҳаргиз ба дасти шағолон таслим намекунанд!
Лутфуллои Азиз
РӮЗНОМАНИГОР