18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон Набиевро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он фаъолияти 5 шуъба ва дармонгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав бори аввал дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд фаъолияти ҷарроҳихона, ҳуҷраи эҳё, наҷот ва беҳискунӣ ба роҳ монда шуд.
Ворид намудани зиёда аз 40 номгӯйи дастгоҳу таҷҳизоти нав барои ташхису табобат имкониятҳоро барои хизматрасонӣ ба нафарони гирифтори диабети қанд, бемориҳои ҷоғар, ғадуди зери меъда, бенаслӣ, норасоии ғизо, фарбеҳӣ, диабети ғайриқандӣ ва дигар намуди бемориҳо ба талабот мутобиқ гардонид.
Инчунин, дар марказ 4 шуъбаи нав – қабул, ҷарроҳӣ, бемориҳои ҷоғар ва кӯдакона таъсис дода шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини марбутаи соҳа ва табибонро барои истифодаи босамар аз шароити замонавии мавҷуда ва хизматрасонии сатҳи баланд вазифадор намуданд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шумораи катҳо аз 80 ба 200 расид.
Барои ташкили корҳои омӯзишӣ, дарсҳои амалии донишҷӯён ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун толору ҳуҷраҳои таълимӣ мутобиқ ба тарҳи муосир мавриди истифода қарор гирифтааст, ки барои баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва беҳтар шудани сифати таълим мусоидат мекунад.
Дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд шабакаи ягонаи оксигендиҳӣ мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин шуда, технологияи ҳаводиҳанда фаъол аст.
Иншооти нави тандурустӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд барои ташхису табобат мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст.
Саҳни бино чароғон ва сабзпӯш гардонида шудааст.
