Навраси тоҷик дар 6-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ, ки рӯзҳои 23-28 август дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор гардид, 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Тавре Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 нафар дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Хуҷанд намояндагӣ карданд.
Бино ба иттилои мураббӣ Нигорахон Қурбонова, Садафмоҳ Маҳмадҷалолзода дар ду намуди иҷрои машқҳо 2 медали биринҷӣ, Маликахон Алиматова, Шукронахон Акбарова ва Фаризахон Бахтиёрзода яктоӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Қобили зикр аст, ки 6-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ бо иштироки варзишгарони навраси Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон, Узбекистон, Русия ва Исроил сурат гирифт.