Ансамбли рақсии “Гулрез” духтарони боистеъдод меҷӯяд

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду нумӯи санъати рақсии тоҷик барои қабули духтарони боистеъдод ба ҳайати ансамбли рақсии «Гулрез» озмун эълон намудааст.

Дар озмун духтарони дорои майл, қобилияти хуби рақскунӣ, шунавоии мусиқӣ ва маҳорати саҳнавӣ ва ҳамчунин духтарони аз синни 6 то 18-сола иштирок карда метавонанд. Довталабон бояд як рақс дар мавзӯи озод иҷро намоянд.

Довталабоне, ки аз даври якум мегузаранд, барои омӯзиши рақси миллӣ роҳ дода мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд ҳамарӯза аз соати 08:00 то 17:00  (ба ғайр аз рӯзи якшанбе) бо нишонии ш. Душанбе, кӯчаи Шероз 31, ба раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Озмун рӯзи 1-уми октябри соли 2022 ҷамъбаст карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои лозим барои озмун:

Озмун рӯзи 1-уми октябри соли 2022 ҷамъбаст карда мешавад.

1. Ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраршуда);

2. Варақаи шахсӣ бо 2 дона расми рангаи 4х6;

3. Тарҷумаи ҳол;

4. Нусхаи шиноснома;

5. Нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;

Маълумоти бештарро аз сомонаи www.ktr.tj ё бо рақамҳои 227-97-26 ва 227-65-69 метавонед дарёфт намоед.