Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули овозхонон ва мутрибон ба ҳайати ансамбли эстрадии «Ориё» озмун эълон намудааст.
Дар озмун бояд 2 суруд дар мавзӯи озод бо риояи тамоми талаботҳои жанри эстрада ва фарогирии малакаи овозхонӣ, диапазон, шунавоии мусиқӣ ва маҳорати саҳнавӣ иҷро гардад.
Ҳамзамон иҷрои сурудҳо дар сози мусиқии эстрадӣ ва аврупоӣ (флейта, труба, тромбон, саксофон, кларнет, фагот, фортепиано, гитара, аккордеон, баян, скрипка, виолончел, созҳои зарбӣ, синтезатор ва ғ.) аз эҷодиёти оҳангсозони тоҷик, мусиқӣ ва жанрҳои эстрадӣ ё асари худи довталаб дар доираи талаботҳои жанри иҷрокунандагӣ бояд сурат бигирад.
Ба шахсони дорои маълумоти миёнаи махсуси касбӣ ва ё олии касбии мусиқӣ афзалият дода мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд ҳамарӯза аз соати 08:00 то 17:00 (ба ғайр аз рӯзи якшанбе) бо нишонии ш. Душанбе, кӯчаи Шероз 31, ба раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Озмун рӯзи 1-уми октябри соли 2022 ҷамъбаст карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳои лозим барои озмун:
1. Ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраршуда);
2. Варақаи шахсӣ бо 2 дона расми рангаи 4х6;
3. Тарҷумаи ҳол;
4. Нусхаи шиноснома;
5. Нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;
Маълумоти бештарро аз сомонаи www.ktr.tj ё бо рақамҳои 227-97-26 ва 227-65-69 метавонед дарёфт намоед.