Додугирифти молу маҳсулот миёни Хатлон ва минтақаҳои Чин афзоиш меёбад

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Тзӣ Шумин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар вилояти Хатлон ва дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуд. Дар ин бора аз мақомоти вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо минтақаҳо ва ширкатҳои гуногуни Чин ҳамкории самаранок ба роҳ мондааст. Бо ҷалби сармояи чинӣ дар ноҳияи Ёвон ду корхонаи истеҳсоли семент- «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Ҷунгтай Моҳир семент» бо иқтидори истеҳсолии 1,2 миллион тонна фаъолият мекунанд. Инчунин дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони чинӣ хати интиқоли барқи «Лолазор» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои транзити нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигар муҳим аст.

Аз ҷониби ширкатҳои чинӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва ҳудуди ноҳияи Данғара низ корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ бунёд гардидаанд. Ширкатҳои кишоварзии Чин имрӯзҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хатлонӣ дар ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ фаъолияти пурсамар дошта, саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории вилоят гузошта истодаанд.

Дар натиҷаи густариши равобити вилояти Хатлон бо минтақаҳои Чин сол аз сол ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот афзоиш меёбад. 34,2%-и сармояи хориҷии ба вилояти Хатлон воридгардида ба Чин рост меояд.

Тзӣ Шумин зимни суҳбат аз сатҳи баланди ташкили  Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Кӯлоб ситоиш карда, онро майдони мусоиди табдили таҷрибаи соҳибкорон, муаррифии тавонмандиҳои Хатлонзамин ҳисобид.

Сафири Чин доир ба раванди иҷрои лоиҳаҳои муштарак сухан гуфта, афзуд, ки «кишвараш на фақат ба тавсеаи равобити анъанавӣ, ҳамчунин ба баррасии мавзӯъҳои нави ҳамкорӣ дар самти иқтисодиёти рақамӣ, технологияҳои муосири истеҳсолӣ, ташкили таҷрибаомӯзии мутахассисони корхонаҳои саноатӣ ва саноати кӯҳкорӣ низ алоқаманд аст».

Қурбон Ҳакимзода ва Тзӣ Шумин ҳамчунин доир ба масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, боғпарварӣ, ташкили маркази таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони соҳаи кишоварзӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманд миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва музофотҳои Чин табодули назар карданд.

Қобили зикр аст, ки миёни вилояти Хатлон ва музофоти Шэнсии Чин Протокол «Дар бораи нияти рушди муносибатҳои бародарона» (соли 2015) ва Меморандум дар бораи барқарорсозии муносибатҳои бародарона (4 сентябри соли 2017) ба имзо расидаанд. Шаҳри Вэйнани музофоти Шэнсӣ ва ноҳияи Данғараи Тоҷикистон бародаршаҳр мебошанд.

Чин яке аз калонтарин сармоягузорон ва шарикони тиҷоратии Точикистон ба шумор меравад. Робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи иқтисод дар асоси ҳамсоягии наздики кишварҳо, инчунин  мавҷуд будани иқтидори муайяни захираҳои табиӣ ва транзитӣ рушд меёбад.