Cафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Екатеринбург бо роҳбари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов мулоқот анҷом намуд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дипломати тоҷик ҳавасмандияшро барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисон дар риштаҳои коргарӣ, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сайёҳон ва табодули фарҳангӣ иброз намуд.
Гуфта мешавад, дар раванди мулоқот ҳамчунин масъалаи ҷудо кардани замин барои сохтмони маркази фарҳангии тоҷикон дар Екатеринбург баррасӣ гардид.
Ҳамзамон роҳбари Намояндагии дипломатии кишвар бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Андрей Беседин дидори гуфтугӯ намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск баррасӣ гардида, доираҳои соҳибкорӣ барои иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Русия, ки моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, даъват шуданд.
Ҳамчунин зимни сафар Гулмаҳмадзода бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Силин ва ректори Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти нахустини Россия Б.Н. Елсин Виктор Кокшаров мулоқот анҷом дод, ки зимни он табодули афкор дар мавриди омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисод дар бахши саноат, ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф миёни мактабҳои олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Урал таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Екатеринбург ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳамватанони муқими минтақаҳои ҳавзаи федералии Урали Русия бо донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии Екатеринбург ва ҳамватанони муқими минтақаҳои ҳавзаи федералии Урали ин кишвар мулоқот кард.