Корея дар 5 соли оянда ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад намуд

Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок дар сармоягузории Ҷумҳурии Корея барои 5 соли оянда ворид гардид.
Дар ин бора сафири Корея дар Тоҷикистон Квон Донг Сок зимни вохӯрӣ бо вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода иброз намуд.

Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масъалаи тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар муносибатҳо пайваста рушд меёбанд.

Ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, нассоҷӣ барои истеҳсоли сикли пурраи нахи пахта, корхонаи лифтбарорӣ, батареяҳои офтобӣ, аккумуляторҳо, электромобилҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз», «Иқтисоди рақамӣ», таъсиси «Паркҳои технологӣ» ва «Технологияҳои рақамӣ», «Содагардонии расмиёти савдо» ва ҷорӣ кардани низоми «Савдои электронӣ» мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон зиёд намудани маблағҳои грантӣ аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда иброз намуданд.