Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов дар шаҳри Тошканд ширкат намуд.
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон ҳери роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дар шаҳри Тошканд се бозӣ анҷом дода, дар ҳамаи бозиҳо аз рақибон – Ҷопон (0:2), Эрон (1:2) ва Ӯзбекистон (0:5) дучори шикаст гардид.
Ғолиби ёдбуди Мираброр Усмонов дар Тошканд тими ҷавонони Ӯзбекистон, ки дар се бозии анҷомдодааш 7-имтиёз ба даст овард, дониста шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «Н» ҳунарнамоӣ мекунад. Дастаи то 16-солаи кишвар дар ин мусобиқа бо тимҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон рақобат менамояд. Мусобиқаи интихобӣ аз 5-9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Сорбон Амонуллозода,
радиои «Тоҷикистон»