Рӯзҳои 27-ум ва 28-уми август дастаҳои «Файзканд» – «Куктош» дар майдони «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ рақобат намуданд.
Бозингари «Файзканд» Обама Арсен дар дақиқаи 9-уми бозӣ ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 34-уми рақобат футболбози тими мизбон Худойдод Узоқов ҳисоби бозиро баробар намуд.
Дар дақиқаҳои охири бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 87-уми рақобат Худойдод боз як гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.
Рӯзи 28 август се бозии дигар баргузор гардид. Дар ин рӯз дастаи «Эсхата» бар дастаи «КМВА» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Голи ягонаи ин вохӯриро Санҷар Рихсибоев дар аввали нимаи дуюми дидор ба самар расонида, ғалабаи тимашро таъмин намуд.
Бошгоҳи «Саройкамар»-и Панҷ дар бозии хонагӣ аз тими «Хатлон»-и Бохтар дучори шикаст гардид. Ин рақобат низ бо натиҷаи 0:1 бар нафъи меҳмонон хотима ёфт. Ягона голро Тоҳирҷон Тағойзода дар дақиқаи 80-ум вориди дарвозаи рақиб намуд.
Дар бозии охирини даври 1/4 ниҳоӣ бошгоҳи «Истиқлол» бо натиҷаи 1:0 бар дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ғалаба кард. Голро дар дақиқаи 15-ум Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид.
Ҳамин тариқ, дар бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 «Истиқлол» бо «Эсхата» ва «Хатлон» бо «Куктош» дидор анҷом медиҳад.
Сорбон Амонуллозода,
радиои «Тоҷикистон»