Вазорати корҳои дохилӣ аз вуқуи як ҳодисаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манба, 27-уми августи соли 2022, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хендай-Аванта», Раҳимов Даврон Зиёдуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идора воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Ҷӯразода Суннат Салоҳиддинӣ, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи Шаҳристонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Ҷуразода С.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.