Қалъаи бостонии Кӯлоб барқарор мешавад

Дар маркази шаҳри Кӯлоб сохтмони қалъаи Кӯлоб идома дорад, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги сокинони ин минтақа нақши муҳим мегузорад. Дар иншооти барқарорсозии қалъаи бостонии Кӯлоб дар айни замон 3 пудратчӣ- ҶДММ «Сайёр», ҶДММ «Ҷобир сохтмон» ва ҶДММ «Ниагара-а» фаъолият дошта, кӯшиш доранд корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Дар бораи АМИТ “Ховар” хабар дода менависад, ки Қалъаи шаҳри Кӯлоб муаррифи таърих, фарҳанг ва сиёсати он дар масири таърих ба шумор меравад. Шаҳри Кӯлоб чун яке аз шаҳрҳои қадимии суннатии тоҷикон дар тӯли таърихи 2700-солаи худ борҳо бозсозӣ гашта, вобаста ба вазъи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат тарҳи он тағйироти куллӣ дидааст. Бо мақсади дар оянда ба таври ҳамаҷониба муаррифӣ намудани ин шаҳри бостонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Кӯлоб сохтмони қалъаи қадимӣ ба роҳ монда шудааст, ки насли оянда аз таъриху тамаддуни он бархурдор мегардад. Иншоот дар маркази шаҳр бо машварати олимону мутахассисон ва бостоншиносон бунёд гардида, зимни навсозӣ рукнҳои сохтмонии аҳди қадим риоя карда мешаванд. Бунёди қалъаи мазкур соли 2018 оғоз гардида буд.

Ба иттилои АМИТ “Ховар” бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиёда аз 100 иншооти шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ идома дошта, то арафаи ҷашни фархунда мувофиқи нақшаи дурнамо 462 адади он ба истифода дода мешаванд.