Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” имрӯз 14 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 3,6 миллиард сомонӣ дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расонида шуд.
Тавре дафтари матбуотии мақомоти вилояти Хатлон иттилоъ дод, дар форум Санади ҳамкорӣ оид ба бунёди Парки технологӣ ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ, Созишномаи ҳамкорӣ оид ба бунёди корхонаи нассоҷӣ ба маблағи 2 миллиард сомонӣ ва корхонаи аффинаж ба маблағи 82 миллион сомонӣ дар МОИ “Кӯлоб” ба тасвиб расиданд.
Нимаи дуюми рӯз кори форум дар се панел – “Рушди соҳаҳои саноат дар вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат””, “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа дар вилояти Хатлон” ва “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ – заминаи устувори рушди иқтисодиёти минтақа” идома меёбад.
Зимни мулоқотҳои В2В (соҳибкор бо соҳибкор) имконияти роҳандозии ҳамкориҳо баррасӣ гардида, ва баимзорасонии санадҳои боқимонда дар назар аст.
Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” иштирокчиён аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, мавзеъҳои таърихию ҷаҳонгардӣ ва Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид ва шиносоӣ хоҳанд кард.