Конфедератсияи бокси Осиё (ASBC) санаи ниҳоӣ ва шаҳрҳои мизбони Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардону занон ва Чемпионати Осиё оид ба бокс байни мактаббачагонро эълон намуд.
Тавре Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Чемпонати Осиё миёни калонсолон аз 30 октябр то 13 ноябри соли 2022 дар шаҳри Аммони Урдун баргузор хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, Чемпионати Осиё миёни мактаббачагон (писарон ва духтарон) аз 27 ноябр то 4 декабр дар Сулаймонияи Ироқ ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи қаблии қаҳрамонӣ соли гузашта дар Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда буд. Ин чорабинӣ ба олимпичиён дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио кумак кард.