26 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳидро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассири Созмони Милали Муттаҳидро дар умури байналмилалӣ, бахусус таъмини рушди устувор ва истиқрори сулҳу субот таъкид намуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030, ҳадафҳои рушди устувор ва вазъи имрӯзаи сайёраро муҳокима карданд.
Бо таъкиди алоқамандӣ ба идомаи ҳамкории судманду гуногунарса бо Созмон Сарвари давлати мо аз истифодаи минбари он барои муаррифии ташаббусҳои созанда ва ҳадафҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Саҳми хосаи Тоҷикистон дар пешбурди барномаҳои Созмон ва татбиқи онҳо таъкид гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъсиси Гурӯҳи ҷаҳонии вокуниш ба бӯҳрони ғизоӣ, энергетикӣ ва молиявии Созмони Милали Муттаҳид, баргузории “Саммит оид ба дигаргунсозии маориф”, “Саммити ҷаҳонии иҷтимоӣ”, “Саммити ояндаи мо” ва пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, баррасӣ гардиданд.
Дар рафти мулоқот ба масъалаи мушкилоти тағйирёбии иқлим, офатҳои табиии марбут ба об, гармшавии ҳаво ва обшавии пиряхҳо, ки ҳамасола зарарҳои моливу моддии зиёд ба бор меоранд, таваҷҷуҳ зоҳир гардида, зарурати эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, таъсис додани “Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва эълони “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ба миён гузошта шуд.
Ҷонибҳо дар самти мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, ҳамкории муштараки кишварҳои аъзои Созмонро зарур донистанд.
Зимни баррасии вазъи Афғонистони ба мо ҳамсоя ҳамкории васеъ ва амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷиҳати идомаи расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар зарур шумурда шуд.
Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати истифодаи васеи имкониятҳои логистикиаш барои расонидани чунин кумак ба мардуми Афғонистон таъкид намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.