Дастаи миллии Тоҷикистон дар радабандии нави ФИФА як зина поин фаромад

Дастаи миллии Тоҷикистон дар радабандии нави ФИФА дар зинаи 109-ум қарор гирифт, ки дар муқоиса бо нишондоди қаблӣ як зина поин аст. Тими кишвар 1179 хол дорад.

Мувофиқи радабандӣ, тими Тоҷикистон миёни дастаҳои мунтахаби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи 8-ум аст.

Ҳамин тариқ, дар гузориши ҷадиди ФИФА Украина дар зинаи 27-ум, Русия – 35, Ӯзбекистон – 77, Гурҷистон – 82, Арманистон – 92, Қирғизистон – 95, Белорус – 96, Тоҷикистон – 109, Эстония – 110, Қазоқистон – 114, Озарбойҷон – 128, Латвия – 129, Туркманистон – 135, Литва – 142 ва Молдоваро дар зинаи 177-ум қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки дар радабандии қаблӣ, ки барои моҳи июн нашр шуда буд, Тоҷикистон якбора шаш зина мавқеяшро беҳтар карда, аз мақоми 114 ба зинаи 108 баромада буд.