Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии якуми мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов аз тими наврасони Ҷопон дучори шикаст гардид.
Вохӯрӣ 23-август дар майдони Академияи “Бунёдкор”-и шаҳри Тошканд баргузор гардида, бо натиҷаи 2:0 ба фоидаи ҷопониҳо хотима ёфт. Голҳоро Шунго Сугиура ва Шота Кофие ба самар расониданд.
Дар бозии дигари даври аввали мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов тимҳои наврасони Ӯзбекистон ва Эрон мусовӣ карданд – 1:1.Наврасони Тоҷикистон бозии дуюмашонро имрӯз 25-уми август бо ҳамсолони худ аз Эрон доир мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Қибрай” баргузор мешавад.