Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин Роид Муҳаммад Радван дидору гуфтугӯ намуд.
Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, дар раванди мулоқот маросими баимзорасонии “Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия” баргузор гардид.
“Агентӣ ҳамеша ҷонибдори бештар ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад”, – изҳор доштааст Султонзода зимни баимзорасонии Ёддошт.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин ҷаноби Роид Муҳаммад Радван роҷеъ ба мавзӯъ суханронӣ карда, барои истиқболи гарму самимии мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намудаааст.
Қобили зикр аст, ки ҳадафи Ёддошти мазкур муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба коррупсия буда, барои андӯхтани тарҷибаҳои илмӣ-амалӣ дар ин самт равона карда шудааст.
Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфта, барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори умедворӣ карда шуд.