Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ва ҳолати кунунии каналҳои минтақаҳои Сомғор ва Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид.
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, бо мақсади таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ҳамасола аз ҷониби мақомоти вилояти Суғд маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, таъмиру навсозии иншооти обрасонӣ ба роҳ монда мешавад.
Гуфта мешавад, соли равон барои пойгоҳҳои обкашии минтақаҳои Сомғор ва Рухак ду агрегати нав харидорӣ ва насб карда шуд, ки дар натиҷа ҳолати обрасонӣ беҳтар гардид. Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия зиёда аз 22 ҳазор гектар заминро тавассути пойгоҳҳои обкашӣ шодоб мегардонад. Дар ноҳия 33 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дошта, дар мавсими имсола таҷҳизоти техникӣ аз таъмир бароварда шудааст.
Барои таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ дар назар аст, ки дар мавсими оянда чор агрегати нав харидорӣ карда шуда, масъалаи таъминоти оби полезӣ дар минтақаҳои зикршуда пурра ҳал гардад.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз минтақаҳои агросаноатӣ буда, шуғли асосии аҳолии деҳоти ноҳия кишоварзӣ аст. Кишоварзони ноҳияи калонтарин дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас доранд.