Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президент, узви Маҷлиси миллии Корея Со Бёнсу тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар баррасӣ намуданд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод.
Ҷонибҳо зимни суҳбат вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ”, “Технологияҳои рақамӣ”, “Содагардонии расмиёти савдо” ва ҷорӣ намудани Низоми “Савдои электронӣ” ва афзоиши содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот, меваҳои хушк, асал ва оби ошомиданӣ мубодилаи афкор намуданд.
Завқизода аз ҷониби кореягӣ даъват ба амал овард, ки бо назардошти имкониятҳои Ҷумҳурии Корея ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими кореягӣ ба иқтисоди миллӣ, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи гидроэнергетика ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла мошинҳои барқӣ, техникаҳои барқӣ бо истифода аз технологияҳои муосири Корея мусоидат намояд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.