Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Душанбе рӯзи 26 август озмуни шаҳрии «Ҳунарманди сол» доир мегардад.
Бино ба иттилои шаҳрдории Душанбе, озмуни мазкур дар асоси Барномаи рушди ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Гуфта мешавад, озмун дар 6 бахш: кандакорӣ-дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ-рассомӣ, кулолгарӣ-аъҷубасозӣ, бофандагӣ ва коркарди металл баргузор мегардад.
Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардида, бомаром рушд менамоянд. Барои ҳунармандон сабукиҳо ҷорӣ гардидааст, ки онҳо аз пардохти молиёт озод мебошанд.
Тибқи таҳлилҳо дар ин муддат бисёр ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, сафи соҳибкорон ва ҳунармандон афзудааст. Бино ба оморҳо, то соли 2021 дар Тоҷикистон зиёда аз 7000 нафар ҳунармандон фаъолият намуда, аз имтиёзҳои андозии фароҳамовардаи ҳукумати мамлакат истифода менамоянд.