Имрӯз Вазорати корҳои хориҷӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ, Академияи миллии илмҳо, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» нишасти матбуотӣ мегузаронанд

Имрӯз оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2020 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Академияи миллии илмҳо соати 08:30, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 10:00, МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» соати 14:30 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 10:00 дар корхонаи зикршуда ва Вазорати корҳои хориҷӣ соати 11:00 дар Вазорати мазкур доир мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) мувофиқа менамоянд.

Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *