Бозии Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал миёни дастаҳои «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе хеле ҷолиб баргузор гардид. Вохӯрии ин дастаҳо бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд хотима ёфт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯрӣ Собирҷон Гуляков баъди се голи ба дарвозаи рақиб задааш унвони беҳтарин футзалбозро соҳиб шуд.
Супеҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал
«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 2:4
Голҳо: Муҳаммад Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов – Собирҷон Гуляков (3), Дилшод Саломов.
Беҳтарин бозигар: Собирҷон Гуляков («Сипар»).