Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ рӯнамоии силсилатаҳқиқоти илмии вай бо иштироки олимону таҳқиқотчиён ва шогирдони академик баргузор гардид.
Муҳаммад Осимӣ узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ, академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон(1965-1988), раиси комиссияи омӯзиши тамаддуни Осиёи марказии ЮНЕСКО, асосгузор, раиси иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон «Пайванд», (1990-1996), барандаи Ҷоизаи байналмиллалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1980) буда, хизматҳои шоёни ӯ дар рушди фарҳанг ва илми муосири тоҷик шоистаи таҳсин ва қадрдонӣ аст.
Тавре ҳамкорамон Малоҳат Тоҳирова аз ҷараёни чорабинӣ иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш олимону профессорони Академияи миллии илмҳои кишвар дар мавриди ҳаёт ва фаъолияти олим ва академики тоҷик Муҳаммад Осимӣ ва корнамоиҳои вай маърузаҳо намуданд.