Размкори тоҷик Нурулло Алиев бо UFC шартнома ба имзо расонид

Варзишгари бомаҳорати тоҷик – Нурулло Алиев бо ташкилоти Дана Уайт – “Dana White Contender Series” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Агар Нурулло дар ин ташкилот пирӯзӣ ба даст биёрад, пас имкони роҳ ёфтан дар рақобатҳои UFC барои ӯ пайдо мешавад. Дар он сурат размкори тоҷик метавонад, ки бо UFC барои муддати муайян шартнома ба имзо расонад.

Бояд қайд намоем, ки Нурулло Алиев рӯзи 20-уми сентябр дар ташкилоти “Dana White Contender Series” рақобаташро баргузор мекунад.

Қабл аз Нурулло Алиев размкорони дигари тоҷик Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов низ имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, лекин дар рақобати интихобиашон дучори шикаст гардиданд. Ин ду варзишгар ҳам бо ташкилоти Дана Уайт шартнома ба имзо расонида буданд.