Дар Кӯлоб Форуми байналмилалии иқтисодӣ баргузор мешавад

26 август дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Дар доираи форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бахши саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонии бонкӣ пешкаши меҳмонон мегардад.

Аз ин рӯ аз тамоми сармоягузорон хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» иштирок намоянд.