Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат: вобаста ба номи донишкада чи корҳо анҷом шуданд?

Бо қарори Ҳукумати ҶТ  аз моҳи апрели соли 2020 номи муассисаи давлатии  таълимии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат   ба муассисаи давлатии  таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат  иваз карда шуд, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар пайёми солона ба МО ҶТ зикр гардида буд.  Ин масъала имрӯз зимни нишасти матбуотии муассисаи таълимӣ зикр карда шуд. 

Ба гуфтаи масъулин  барои воқеан ҳам ба номи худ мутобиқ гардонидани Донишкада  дар давраи ҳисоботӣ 3 маркази нав: маркази тестӣ, толори сервиси сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, китобхонаи нав бо 120 ҷойи нишаст ва  лоиҳаҳои  баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодабарии  муҳити иттилоотию таълимӣ, омода намудани кадрҳо бо мақсади   рушди устувори  туризм дар ҶТ  ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ҳамчунин  таъкид  карда шуд, ки то ин давра дар  муассисаи мазкур аз рӯи 5 ихтисоси риштаи сайёҳӣ мутахассис таёр карда мешуд, ки ба инҳо  менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмиллалӣ,  сайёҳат ва меҳмондорӣ, иқтисодиёт ва идора  дар соҳаи сайёҳӣ, фаъолияти  меҳмонхонадорӣ ва маркетинги сайёҳӣ дохил  мешавад.  Омодагиҳо барои  дар соли хониши 2020-2021 қабул намудани донишҷуён аз рӯи  ду ихтисосои нав дар риштаи сайёҳӣ:  иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хоҷагиҳои  меҳмондорӣ ва тарабхона ва иқтисодиёти истифодаи табиат  идома дорад.

«Инчунин, дар соли хониши нав нақшаи қабули донишҷӯён ба 2 факултети нав: факултаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва факултети  муштараки   донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати кишвар ва  донишгоҳи давлатии туризм ва сервиси Русия  дар назар аст», зикр карданд, масъулини донишкада.

Малоҳат Тоҳирова

Радиои “Тоҷикистон”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *