Дастаи Маурисио Сарри ба таври шоиста бозӣ надорад, пас аз он ки мавсими дубора барқарор шуд, “Ювентус” аз 12 бозӣ танҳо дар 5-тояш ғалаба кардааст. Ин омор барои як футболдўстдор ягон ҷои «воҳ»- гуфтан нест, аммо барои роҳбарияти даста, ки идаои қаҳрамонӣ доранд, бояд нанговар бошад. Инчунин бохт дар Ҷоми Италия.
«Ювентус» дар тӯли панҷ сол ба «Удинезе» мағлуб нашуда буд. Клуб дар ин мавсим ҳадди аксар 89 хол ба даст меорад, ки дар панҷ соли охир бадтарин аст. Бори охир туриниҳо дар мавсими 2014/15 дар Серия А 90 хол ба даст оварда буданд.
«Ювентус» ба дарвозааш 38 гол сар додааст, ки баробар ба мавсими нобарори 2010/11 мебошад, (замоне, ки клуб дар чемпионат мақоми 7-умро аз они худ карда буд).
«Удинезе» мағлубияти панҷуми «Ювентус»-ро таъмин кард. Агар туриниҳо бори дигар сархам шаванд пас антирекорди 9-соли қаблро такрор мекунанд. Ин дар ҳолест, ки барои дастаи Сарри ҳамагӣ се имтиёз лозим аст то қаҳрамонии худро таҷлил кунад, аммо бо ин шакли бозӣ яқинан мухлисони «бонувони пир» ҳаросонанд, ки дастаи дўстдоштаашон дар муборизаи Лигаи Қаҳрамонҳо чӣ хоҳад кард.
Омори дастаи пешгоми Италия дар панҷ бозии охир:
Милан – Ювентус 4:2
Аталанта – Ювентус 2:2
Сасуоло – Ювентус 3:3
Латсио – Ювентус 2:1
Удинезе – Ювентус 2:1
Дар даври навбатӣ «Ювентус» зидди «Сампдория» бозӣ мекунад.