Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти кишвар, Хоҷагии ангурпарварии “Дӯстӣ”-ро оилаҳои Муҳиддиновҳо ва Тоҳировҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд намуда, имрӯз беш аз 10 нафар узви ин ду хонавода дар майдони токзор ба ангурпарварӣ машғул ҳастанд.
Масоҳати умумии хоҷагии ангурпарварии “Дӯстӣ” 3 гектарро ташкил дода, дар он 1000 бех ниҳоли ангури навъҳои “ҳусайнӣ”, “шоҳона”, “победа”, “ҳусайнии сиёҳ” ва дигар намудҳо, пеш аз ҳама, барои таъмини бозори дохилӣ ва ҳам содирот нигоҳубину парвариш карда мешаванд.
Гуфта мешавад, парваришу нигоҳубини ангур дар хоҷагии “Дӯстӣ” аз рӯи таҷрибаву анъанаҳои миллии ангурпарварии халқи тоҷик бо истифода аз талаботи агротехникии пешрафта ва муосир, аз ҷумла усули интенсивӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат аз фаъолияти ангурпарварон, ҷамъоварии ҳосили дар токзори хоҷагӣ рӯида изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам зиёд кардани майдони токзори хоҷагӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани нигоҳубину парвариши навъҳои дигару ҳосилхези ангур, зиёд намудани ҳосилнокӣ ба масъулони хоҷагӣ маслиҳатҳои муфид додаанд.
Соли гузашта ҳосили аввали ин майдони токзори навбунёд 25 тоннаро ташкил додааст. Имсол ҳосили ангур дар майдони токзори хоҷагӣ хеле фаровон буда, интизор меравад, ки ангурпарварон дучанд ҳосил мегиранд.
Сипас Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи себ ва бодоми муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дидан намуданд.
Боғи себ 5,21 ғектарро ташкил дода, дар он асосан навъи самаренко, ки маъмултарин намуди себ ба ҳисоб меравад, парвариш меёбад. Дар ин масоҳат ниҳолҳои себ 1400 бех буда, бо андозаи 6 бар 6 шинонида шудаанд. Ин тарзи анъанавӣ бунёди боғ мебошад. Алҳол боғи себ ғарқи ҳосил аст ва меваи он дар моҳи сентябр пурра пухта мерасад.
Пешвои миллат дар суҳбат бо хоҷагидорону боғдорон таъкид намудаанд, ки боғу боғдорӣ аз самтҳои муҳиму афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ буда, ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушди соҳа, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли меваҳои шаҳдбор, ки дар баробари таъмини бозорҳои ватанӣ аз иқтидорҳои содиротии кишвар ба ҳисоб меравад, тадбирҳо меандешад.
Боғи бодом дар ин мавзеъ дар 4 ғектар соли 2008 бунёд карда шуда, дар масоҳати 6 бар 4 1200 беҳ ниҳоли бодом шинонида шудааст.
Дар маҷмӯъ дар “Боғи миллии Ваҳдат” дар 33,21 гектар боғи себ бо фарогирии навъу намудҳои “Ҳусни Юсуф”, “Ренет”, “Розмарин” ва “Самаренко” ва дар 12,14 гектар боғи бодом мавҷуд аст.
Ҳамзамон Сарвари давлат дар Боғи миллии Ваҳдат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои меваю сабзавот боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд самараи мехнати худро ба намоиш гузоштанд.
Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ барои истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дастуру тавсияҳо доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лубиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди он дар корхонаҳои саноатӣ бояд афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шавад.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин соҳибкор аз Ӯзбекистон Муминҷон Юлдошев лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд – Фарғона Агрокластер”-ро муаррифӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани он бо истифода аз заминҳои бекорхобидаи ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашт 20 ҳазор гектар замин дар амалишавии лоиҳа фаро гирифта мешавад.
Барои амалишавии лоиҳа сармоягузории 52 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ гардида, дар марҳалаи якум 5 ҳазор нафар ва дар марҳилаи дуюм то 20 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Дар марҳилаи аввали амалишавии лоиҳа 5000 гектар замин тариқи обёрии қатрагӣ ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад.
Нақшаҳои оғози ҳамкориро бо ҷалби сармояҳои мустақим дар самти истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан нахи пахта ва коркарди минбаъдаи онро дар коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми наҷиби соҳибкор маънидод намуданд.