Бори аввал дар Душанбе намоишгоҳи миниётураҳо доир мегардад

Рӯзи 11 август дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нахустин намоишгоҳи миниётураҳо таҳти унвони «Пайравони миниётураи тоҷикон Камолиддини Беҳзод» баргузор мегардад. Дар ин бора рассоми тоҷик Сарвиноз Ҳоҷиева дар саҳфаи фейсбукияш хабар додааст.

Гуфта мешавад, дар ҳамоиш асарҳои тасвирии чеҳраҳои номдору ҷавон ва миниётураи театрии ҳунармандони Театри  давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» намоиш дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамоиши мазкур дар ҳамдастӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон рӯйи кор омада, то 25 август идома мекунад.