Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении ҶДММ “Ориён Пак”-ро мавриди истифода қарор доданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар доданд.
Гуфта мешавад, корхонаи мазкур дар масоҳати 0,54 гектар, бо харҷи 4,6 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Муинҷон Ҳусайнов, Файзуллоҷон Улмасбоев ва Саидакмал Олимов бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст.
Дар ошёнаи якуми бино истеҳсоли ресмону ороиши халтаҳо ва дар ошёнаи дуюм истеҳсол ва бандубасти халтаҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтиленӣ дар маҷмӯъ 100 ҷойи кор мавҷуд буда, айни замон 86 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Маоши миёнаи кормандон аз 1 ҳазору 200 то 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Тамоми таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст. Шумораи дастгоҳ аз 32 мошини бофандагӣ, 4 мошини дӯзандагӣ ва 5 дастгоҳи ресандагию ороишӣ иборат буда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Дар корхона дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор дона халта истеҳсол карда мешавад. Нархи халтаҳо ба ҳаҷм ва сифати онҳо вобаста мебошад.
Соҳибкорон ашёи хомро аз давлатҳои Ӯзбекистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркманистон ворид менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба роҳбарият ва мутахассисони ин корхонаи истеҳсолӣ дастур додаанд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ дода, содироти онро ба роҳ монанд.