Гуштингирони ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон иштирок менамоянд

Аз 15-ум то 21-уми август дар шаҳри Софияи кишвари Булғористон Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад.

Тибқи иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштинҳо (UWW), дар чемпионат ҳудуди 600-варзишгар аз 53-кишвари ҷаҳон барои иштирок номнавис гардидаанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се нафар – Мустафо Ахмедов (70кг) дар гуштини тарзи озод, Фирӯз Мирзораҷабов (60кг) ва Шероз Очилов (72кг) дар гуштини юнонӣ-римӣ намояндагӣ мекунанд.

Рақобатҳо рӯзи 15-уми август бо гуштини тарзи озод оғоз мегардад. Сипас гуштини занона ва дар се рӯзи охир сабқатҳои гуштини юнонӣ-римӣ доир хоҳад шуд. Дар асоси барномаи чемпионат Мустафо рӯзи 15-16 август, Фирӯз ва Шероз 20-21 август ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар рӯзи аввал марҳилаи муқаддамотӣ ва рӯзи дуюм финал ба нақша гирифта шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасон соли 2019 дар Софияи Булғористон аз рӯи гуштини юнонӣ-римӣ Шероз Очилов дар вазни 65кг медали нуқра ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.